Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Панҷшанбе, 22 Сентябр 2022 00:00

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР КАФЕДРАҲОИ ДДТХ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ ОН

Барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҳамзамон мутамарказ намудани ҳайати професссорону омӯзгорони кафедраҳо ва расонидани ёрии методӣ байни омӯзгорон дар соли таҳсили 2022-2023 макон ва шакли ҷойгиршавии як қатор кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шаклан тағйир ёфт. Айни замон, ҳамаи омӯзгорони кафедра, на дар синфхонаҳои алоҳида, балки якҷоя дар як утоқи корӣ ҷойгир гардидаанд. Мудирони кафедра низ дар ҳуҷраи ҳамшафат бо утоқи омӯзгорон ҳуҷраи корӣ доранд, ки як дару девор онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Омӯзгорони  кафедраҳо дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Пайки шифо” иброз намуданд, ки чунин ҷойгиршавӣ афзалиятҳои хоси худро дорост. Аз ҷумла, омӯзгорон баъд аз дарсҳо масъалаҳои баҳсноки илмӣ ва методии ба миён омадаро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл мекунанд. Дар истифода аз адабиёти илмӣ низ чунин шакли ҷойгиршавӣ хеле муфид аст. Яъне омӯзгорон метавонанд аз адабиёти илмии дар кафедра мавҷудбуда дар лаҳзаҳои лозимӣ истифода баранд. Ҳамзамон, барои гузаронидани ҷаласаҳо ва баъзе супоришҳои фаврӣ барои мудирони кафедраҳо ҷамъ кардани омӯзгорони кафедраҳо вақти зиёдро талаб намекунад.  

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА  

Хондан 141 times Last modified on Шанбе, 24 Сентябр 2022 03:31

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид