Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шуъбаи Нашрия ва иттилоот ифтитоҳ гардид. Кушода гардидани шуъбаи нав барои ҳайати профессорон ва омӯзгорон имконият фароҳам овард, ки китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои методии худро дар донишгоҳ ба нашр расонанд. Дар назар аст, ки шуъбаи мазкур дар оянда фаъолияташро васеъ намуда, бо харидорӣ гардидани таҷҳизоти нав нашрияҳои расмии донишгоҳро низ ба чоп хоҳад расонд.
Айни ҳол, дар шуъбаи мазкур се нафар - сардори шуъба, муҳаррири масъули рӯзномаи “Пайки шифо” ва хабарнигори сомонаи донишгоҳ фаъолият менамоянд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА