Ҳар сол чун анъанаи нек дар моҳи сентябр вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бо донишҷӯёни курси якум баргузор мегардад.
Имсол вохӯрии мазкур 6-уми сентябр доир гардид. Нахуст муҳтарам Убайдулло Қурбон донишҷӯёнро барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва сазовор гардидан ба номи баланди донишҷӯӣ табрику таҳният намуданд. Дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯён бо роҳбарони сохторҳои ДДТХ шинос карда шуданд.
Профессор Убайдулло Қурбон донишҷӯёнро барои ҳарчи бештар омӯхтани илму дониш, истифодаи дуруст аз вақт, нигоҳ доштани тартибу интизом дар дохили донишгоҳ ва берун аз он талқин намуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА