5 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ чорабинӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшиданд. Профессор Убайдулло Қурбон ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо ин ду ҷашни фархунда табрик ва таҳният намуданд. Қайд гардид, ки ин ду ид бо ҳамдигар ниҳоят тавъам буда, яке дигареро ташаккул ва рушду нумуъ мебахшад. Агар тифл дар ибтидо забонро аз модар омӯзад, дар даврони мактабхонӣ ва овони донишҷӯӣ забондониашро омӯзгор сайқал медиҳад.
Як рукни асосии пойдории давлат ва миллат забон мебошад. Пешвои миллат муҳим будани нақши забон дар мустаҳкамии давлат чунин арзёбӣ кардаанд:
«Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи роҳнамои худшиносиву худафрӯзиаш - забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳунарии «Дурахшон» дар васфи забон ва омӯзгор шеърҳо қироат намуда, бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун дилҳои ҳозиринро шод намуданд.
Чорабиниро ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ҳусни анҷом бахшида, дар васфи омӯзгор аз суханони Рӯдакии бузургвор ёдовар шуданд:
Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Ҳамзамон, муҳтарам ректор бори дигар таъкид намуданд, ки «Вазифаи ҳар яки мо соҳибзабон аст, ки забонро поку беолоиш нигоҳ дошта, баҳри омӯзишу аз худ кардани нозукиҳои он камари ҳиммат бандем».
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА