16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба тариқи онлайн яке аз калонтарин чорабинии тиббӣ дар соҳаи дермотология - Конгресси байналмилалии DEBRA 2021, ки ба бемории Эпидермолизи буллёзии модарзодӣ - бемории ирсии вазнини пӯст бахшида шудааст, оғоз гардид.
Омӯзгорони кафедраи беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Конгресси мазкур ба тариқи Онлайн фаъолона ширкат варзиданд.
Дар Конгресси байналмилалии DEBRA 2021 зиёда аз 10 000 нафар табибон ва беморон аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ширкат варзида, он то 19 сентябри соли равон кори худро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони Конгресси мазкур Фонди хайрияи «Кӯдакон - шапаракҳо»/ DEBRA-и Федератсияи Россия буда, бо Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо ва косметологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва таи ду соли охир дар боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони бемориҳои пӯст ва кӯдакони ба бемории Эпидермолизи буллёзии модарзодӣ гирифторбудаи Тоҷикистон кӯмакҳои зиёд расонидаанд.
МУОВИНАТИ ИЛМ ВА НАШРИЯ