Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ЧОРАБИНИИ АДАБӢ - ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 110 - СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ҚАСРИ ФАРҲАНГ

30 Апрел 2021
Муаллиф :  

30 апрели соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ба ифтихори 110 - солагии абармарди бузург, шоири тавоно ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода  бо иштироки муовини раиси ноҳия Файзиддинзода Б. чорабинии адабӣ- фарҳангӣ баргузор гардид.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П., проффесори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А., муовини декан Қурбонзода Д., омӯзгори кафедраи забонҳо Назиров Р.Р., муҳаррири масъули рӯзномаи донишгоҳии  «Пайки шифо» О.Саркорӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст муовини раиси ноҳия Файзиддинзода Б. ҳозиринро ба муносибати 110 - солагии Мирзо Турсунзода табрику таҳният намуда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумоти мухтасар дод.

Дар идомаи чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода - мунодии сулҳ» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Ҳамзамон, проффесори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи «Великий сын Таджикистана» суханронӣ намуд.

Кормандони театр намоишномаи таҳиянамудаашонро аз достони «Писари Ватан»-и Мирзо Турсунзода пешкаши тамошобинон гардонданд.

Бояд қайд кард, ки намоишномаи мазкур мазмуни баланди тарбияи ватандӯстиро дар худ инъикос менамуд.

Дар анҷоми чорабинӣ пирони рӯзгордида, ки дар солҳои пеш бо Мирзо Турсунзода шахсан вохӯрӣ кардаанд, хотираҳояшонро барои тамошобинон  баён намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 216 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид