Баҳри иҷроиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳои ҳайати мушовараи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи тибби ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро мудири кафедраи тибби ҳарбӣ полковник Баҳром Маҳмуд ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар идомаи ҳамоиш омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ полковник Мирзохонзода Ш. дар мавзӯи «Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими дар Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида таъсисёбии Артиши Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Минбаъд он дар шароити вазнини иқтисодӣ аз имтиҳони ҷиддиву озмоишҳои сангин гузашта, ба як сохтори муташаккилу боэътимод, неруи пурқудрати ҳимоятгари халқу давлат мубаддал гардид.
Ҳамзамон, донишҷӯёни курси чоруми факултети педиатрӣ С. Мираҳмад, Раҷабова М. ва Назарзода У. дар мавзӯъҳои «Таърихи истиқлолият», «Дастовардҳои артиши миллӣ дар даврони Истиқлол» ва «Музаффариятҳои даврони Истиқлол» маърӯза намуданд.
Ҳамоиши илмӣ - адабиро мудири кафедраи тибби ҳарбӣ полковник Баҳром Маҳмуд ҷамъбаст карда, барои иштирокчиёну маърӯзакунандагони ҳамоиш изҳори сипос намуд.
КАФЕДРАИ
ТИББИ ҲАРБӢ