Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ

14 Апрел 2021 Муаллиф :  

     8 - апрели соли равон тибқи нақшаи кории Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара ва минтақаи Кӯлоб дар донишгоҳ бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев  А. А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо ҳозирин шинос намуд.

Сардори  Бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия - Раҳмон Эмомалӣ Раҷабзод дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат бо он» суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо ин падидаи номатлуб бояд дастҷамъона мубориза бурд, баръакси ҳол решакан кардани он ғайриимкон аст.

Раҷабзода Рустам Сафаралӣ - сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара, полковники милитсия оид ба мавзӯи “Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” маърӯза намуд. Номбурда қайд кард, ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бо ғаразҳои нопоки худ бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро ба тарафи худ ҷалб намоянд. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем ва ақли солимро кор фармуда,   масъалаҳои муҳими сиёсиро  аз нуқтаи назари сиёсат таҳлил карда тавонем . 

Дар идомаи чорабинӣ дар мавзӯи мазкур сардори ШКДАМ дар ноҳияи Данғара - Насридинзода Масрур маърӯза кард. Қайд гардид, ки ҷавонон аз сабаби надоштани дониши дунявӣ ва маърифати динӣ ба роҳҳои нодуруст рафта, ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд. Рӯ ниҳодан ба китобу китобхонӣ ва боз ҳам баланд бардоштани дониши худ боиси интихоб намудани роҳи дуруст, аз ҷониби мову шумо хоҳад буд – қайд намуд Насридинзода Масрур.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ - Шукронаи Рамазон оид ба пешгирии коррупсия маърӯза намуд.

Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг - Қурбонмамадов С.Х. вохӯрии мазкурро хеле муҳим ва арзишнок  арзёбӣ намуда, қайд кард, ки донишҷӯёни ДДТХ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҳамчун раҳнамову раҳкушо ба сӯи ояндаи дурахшон мавриди истифода қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштан дониши назариявӣ ва амалии хеш кӯшиш намуда истодаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ДДТХ дар оянда мутахассисони барҷаста ва ватандӯстро ба воя хоҳад расонд.

Мушовирои Ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев  А. А. чорабиниро ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки ҷавонон пеш аз ҳама бомулоҳиза бошанд, аз волидону омӯзгорон ҳамеша маслиҳат гиранд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 1316 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид