13 - уми апрели соли ҷорӣ дар кафедраи фанҳои муолиҷавӣ аз ҷониби омӯзгори кафедраи мазкур Эргашев Х.Ю. бо гурӯҳи 508-и тиббӣ дар мавзӯи «Тағйирёбии шахсият ҳангоми майзадагӣ ва заҳрмандӣ (алкоголизм ва токсикомания)» маҳфили илмӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедра Одинаев Б.С., сармутахассиси шуъбаи таълим Холова Н.Ҳ., омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - С. Гулмамад, омӯзгори кафедраи физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ – Назаров Ҷ.Т. ва омӯзгорони кафедраи фанҳои муолиҷавӣ иштирок намуданд.
Маҳфилро омӯзгори кафедраи фанҳои муолиҷавӣ Эргашев Х.Ю. ифтитоҳ намуд.
Донишҷӯёни гурӯҳ оид ба мавзӯъҳои «Таърихи пайдоиши алкогол», «Бемории алкоголизм», «Равиши бемории алкоголизм ба организм», «Ҳолатҳои клиникии алкоголизм», «Табобат ва пешгирӣ аз алкоголизм», «Зарари нос ва тамоку ба организми инсон» маълумоти мушаххас доданд.
Барои боз ҳам шавқовар шудани маҳфили илмӣ лаҳзаи «Суҳбати духтур ва бемор» пешкаши иштироккунандагон гардид.
Бояд қайд кард, ки дар маҳфил аз наворҳои хурди видеоӣ, ки таъсири манфии алкогол, нос ва тамокуро инъикос менамуд, моҳирона истифода бурда шуд.
КАФЕДРАИ
ФАНҲОИ МУОЛИҶАВӢ