Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

И ИННОВАЦИЙ ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

14 Апрел 2021 Муаллиф :  

    7 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авитсенна»-и  ДДТХ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад оид ба фаъолияти пурсамари ҳизб сухан ронда қайд намуд, ки ҳадафҳои барномавии  ҲХДТ пеш аз ҳама ба пешрафти Тоҷикистони азиз нигаронида шудааст.

Дар идомаи суҳбат Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон қайд намуд, ки ҳадафи суҳбати имрӯзаи мо омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Данғара мебошад. Хурсандиовар аст, ки дар ДДТХ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авитсенна» амал менамояд ва фаъолияти он хеле назаррас аст.

Муовини ректор оид ба  таълим Аҳмадиён Ш.Р. оид ба  ташкилоти ибтидоии «Авитсенна»-и  ДДТХ сухан ронда қайд намуд, ки фаъолияти аъзои ташкилоти мазкур қаноатбахш буда, дар амалӣ сохтани сиёсати олии ҲХДТ нақши бориз доранд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 157 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид