Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҲАМОИШИ ИЛМӢ - АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

24 February 2021
Муаллиф :  

      22 феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - адабӣ баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳамоишро мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ҳусни ифтитоҳ  бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуд. Номбурда таъкид намуд, ки дар  фазои сулҳу оромӣ ва озодӣ фаъолият кардани мо ба заҳматҳои шабонарӯзии Қувваҳои Мусаллаҳ робитаи мустақим дорад. 

Дар идомаи ҳамоиш омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ подполковник Раҳмонзода К. дар мавзӯи «23 - феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маърӯза намуд. Қайд гардид, ки дар шароити вазнини иқтисодӣ таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳони ҷиддиву озмоишҳои сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, неруи пурқудрати ҳимоятгари халқу давлат ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш осон набуд.

Сипас профессори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи «Праздник мужества, доблести и чести» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Аз рӯи мавзӯи «Омода намудани кадрҳои ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар» омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ капитан Зикирзода Д.Қ. суханронӣ намуд.

Дар идомаи  ҳамоиш донишҷӯён дар доираи  композитсияи илмӣ - адабӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ - сутуни истиқлолият» маърӯза намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби донишҷӯёни курси якуми факултети педиатрӣ Раимқулов С., Ибодова М., Шерализода Н., Аламуродова У., Шодиева Т. дар мавзӯъҳои «Таъсисёбии ҚМҶТ», «Пуррагардонии афсарони касбӣ дар ҚМҶТ», «Дастгирии занону бонувони низомӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Раванди таълиму тарбия дар ҚМҶТ» ва донишҷӯи курси якуми факултети стоматологӣ дар мавзӯи  «Рушди варзиш дар ҚМҶТ» маърӯзаҳои пурмазмун ироа гардиданд.

Ҳамзамон, Тухтаева М. - донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ дар мавзӯи «Роль женщин в Армии», Шералиев Ҷ. - донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ дар мавзӯи «Роль армии в воспитании молодого поколения» ба забони русӣ ва Зикруллоева Г. оид ба «23 феврал - рӯзи таъсисёбии Артиш» (23 of February Armed forces day) ба забони англисӣ маърӯза намуданд.

Инчунин, донишҷӯёни курси чоруми факултети педиатрӣ Ғафуров Б. ва Давлатов С. Дар мавзӯъҳои «Артиши Шӯравӣ ва муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ» суханронӣ  карданд.

Ҳамоиши илмӣ - адабиро сардори шуъбаи илм ва инноватсия Норматова М. А. ҷамъбаст карда, аҳли нишастро бори дигар ба муносибати Рӯзи Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт ва  барои иштирокчиёну маърӯзакунандагони ҳамоиш  изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 240 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид