Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон эълон менамояд, ки барои ба даст овардани грантҳои хурд дархостҳоро ба шуъбаи илм ва инноватсия пешниҳод намоянд.
Барои омодасозии дархостҳои грантӣ аз 2 то 4 ҳафта муҳлат дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд барои намунаи ҳуҷҷатҳо ва тартиби пур кардани он ба шуъбаи илм ва инноватсия муроҷиат намоянд.
ТАЛАБОТИ ЛОИҲАИ ГРАНТӢ
Лоиҳаҳои дархостии грантӣ бояд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тартиб дода шаванд ва ду қисмро дар бар гиранд.
Қисми аввали таклифи грантӣ аз ҳуҷҷатҳои таъсисӣ - ҳуқуқӣ ва маълумот оид ба шартҳои мутобиқат барои гирифтани гранти хурд (номи сохтор, суроға, рақами телефон, ном ва насаби иҷрокунандагон) иборат аст.
Қисми дуюми таклифи грантӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- Номгӯи корҳои озмоишӣ;
- Тавсифи корҳои озмоишӣ (мақсад, иҷрокунандагон, асосноккунии барномаи пешниҳодшуда;
- Нақшаи корҳои озмоишии пешбинишуда, муҳлати иҷроиш ва усули озмоишӣ;
- Таҷҳизот ва дастгоҳҳо, ки барои корҳои озмоишӣ истифода мешаванд;
- Маълумот дар бораи тахассуси омӯзгорон;
- Маблағи дархостшуда;
- Маълумот оид ба воситаҳои баҳодиҳӣ, ки барои муайян намудани сатҳи озмоишҳои гузаронидашуда истифода бурда мешаванд.
ШУЪБАИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ