Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17 November 2020
Муаллиф :  

   16 ноябри соли ҷорӣ равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

   Сараввал, аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим Аҳмадов Ш.Р. табрикоти Ректори Донишгоҳи давлатии таббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гардид. Инчунин, оид ба хизматҳои содиқона ва арзандаи  фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

   Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Ӯ ҷони миллат аст» ба намоиш гузошта шуд. Бояд қайд намуд, ки слайдҳое, ки  оид ба фаъолияти Президенти кишвар аз соли 1992 то инҷониб ба намоиш гузошта шуда буданд, ба чорабинии мазкур ҳусни тозае зам намуд.

   Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар васфи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

   Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос карда шуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 269 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид