Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ОМӮЗГОР» ВА «РӮЗИ ЗАБОН»

07 Октябр 2020
Муаллиф :  

    5 октябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба ҷашни «Рӯзи омӯзгор» ва «Рӯзи забон» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

   Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба таълим н.и.с. дотсент Аҳмадов Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, табрикоти ректори донишгоҳро бахшида ба ҷашнвораҳо қироат намуд. Қайд гардид, ки дар ҳама давру замонҳо забон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши муҳимро бозидааст. 

   Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Одинаев С.П.  дар  мавзӯи «Забон - ҳастии миллат» маърӯза намуд. Номбурда дар  маърӯзааш аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, чунин иброз дошт: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкара тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост».

   Омӯзгори калони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Ҳошимов М.Т. дар мавзӯи «Устод агар набудӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, омӯзгорро равшангари роҳи ҳаёт ва наҷотдиҳандаи башарият аз зулмот унвон кард.

   Ҳамзамон, профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А. ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи омӯзгор» ва «Рӯзи забон» табрику муборакбод  намуд.

  Пас аз ҷаласаи расмӣ дастаи ҳунарии «Дурахшон» барномаи адабӣ - мусиқиро пешкаши ҳозирин гардониданд. Қироати шеърҳо дар васфи забон ва омӯзгор, рақсҳои мавзун, суруд ва мусиқии дилнавоз табъи тамошобинонро болида гардонид.

   Бояд қайд намуд, ки дар ташкил кардани чорабинии мазкур шуъбаи тарбия ва фарҳанг, деканат, шуъбаи ҷавонон, кафедраи забонҳо, кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, аъзои дастаи ҳунарии «Дурахшон» ва кормандони МТИ саҳми арзанда гузоштанд.

  Дар анҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим муҳтарам Аҳмадов Ш.Р.  барои баргузории чунин чорабинии пурмуҳтаво аз номи ректори донишгоҳ ба муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., дастаи ҳунарии «Дурахшон» ва дигар масъулони чорабинӣ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъда барои онҳо муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 173 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид