23 ноябри соли равон дар кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лотинӣ маҳфили навбатии “Анатомҳои ҷавон” баргузор гардид. Маҳфилро сардори он - донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ Фозилов Н.С. ифтитоҳ намуд.
Аз рӯи нақшаи маҳфил иштирокчиёни гурӯҳи “Травматологҳои ҷавон” донишҷӯёни курси 2-юми факултети педиатрӣ Абдулҳамидова Ҳ. ва Зоирова Д. бо забони тоҷикӣ дар мавзӯи “Узви босира” ва Эргашев И. бо забони русӣ дар мавзӯи “Возрастные особенности черепа” маърӯза намуданд. Сипас, барои шавқовар намудани маҳфил ва боз ҳам мустаҳкам кардани дониши иштирокчиён оид ба мавзӯи мазкур сардори маҳфил Фозилов Н.С., викторина бо номи “Як савол ва як ҷавоб” гузаронид. Гурӯҳҳо супоришҳоро фаъолона иҷро карда, ба саволҳои додашуда ҷавоб гардониданд. Мудири кафедра Зарипов И.А. натиҷаи викторинаро эълон намуд, ки дар ин давр гурӯҳи “Урологҳои ҷавон” бо гирифтани 13 хол ғолибияти асосии МИД-ро ба даст оварданд. Барои ҳусни хотима бахшидан ба кори маҳфил мудири кафедра Зарипов И.А. баромад карда, фаъолияти гурӯҳҳоро мусбат арзёбӣ намуд ва барои боз ҳам шавқовартар гардидани маҳфил ба иштирокчиён тавсияҳои муфид дод.
Кафедраи анатомияи нормалӣ,
анатомияи топографӣ
ва амалияи ҷарроҳӣ,
забони лотинӣ