• Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал

       Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баромадҳои хеш пайваста омӯхтани забонҳои хориҷиро талқин менамоянд, инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонии забони англисии омӯзгорон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон курси омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

  Курси мазкур аз ҷониби сардори шуъбаи илм ва инноватсия Норматова М. А.,  нозир ва мутахассиси шуъбаи равобити байналмиллалӣ Дустмуродзода Ф.Д. ҳафтае як маротиба гузаронида мешавад.

    Бояд қайд намуд, ки дар курс асосан ба озоду равон ва бурро кардани нутқи шифоҳии шунавандагон диққати асосӣ дода мешавад. Шунавандагони курс аз чунин тарзу усули омӯзиш, ки бевосита дар дарсҳо бо ҳам муошират менамоянд, қаноатманд мебошанд.

 Тибқи нақша курси омӯзиши забони англисӣ то охири моҳи январ кори худро ба анҷом мерасонад.

 ШУЪБАИ РАВОБИТИ

БАЙНАЛМИЛАЛӢ