Имрӯз таҷлили ҷашни 27_ солагии Истиқлолияти давлатити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хеле хотирмон сурат гирифт. Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳайати устодон ва шогирдонро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти кишвари азизамон самимона табрик намуд. Сипас, номбурда қайд кард, ки баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо истиқлолиятро ба даст овард. Аммо дар он шароит нигоҳ доштани Истиқлолият хеле мушкил буд. Вале бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро аз даст надод. Ва имрӯз дар давоми начандон давраи тулонии таърих Ҷумҳурии Тоҷикистон якеа аз шинохтатарин давлат дар миқёси ҷаҳон пазируфта шудааст.
Баъд аз баромади ректори Донишгоҳ донишҷӯён дар васфи Истиқлолият шеърҳо қироат намуданд. Инчунин, донишҷӯён бо барномаи консертӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.