• Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал

Пирогов Николай Иванович

Пирогов Николай Иванович (25.11.1810, Москва 05.12.1881, деҳаи Вишня, (дар наздикии Виннитсаи ҳозира), олими рус, духтур, педагог ва ходими ҷамъиятӣ; узви вобастаи АФ Россия (1847). Факултети тиббии Университети  Москваро хатм кардааст (1828). Солҳои 1836 - 40 проф. ҷарроҳияи назариявӣ ва амалии Университети Дерпт (ҳозира Тарту), 1841-56 проф. ва роҳбари Институти анатомияи таҷрибавии академияи тиббии ҷарроҳии Петербург. Пирогов яке аз онҳоест, ки ҷарроҳияро ба як соҳаи мустақили илми тиб табдил додааст. Пирогов бунёдкори ҷарроҳияи ҳарбии саҳроист. Ӯ инчунин ба анатомияи топографӣ ва ҷарроҳияи амалӣ асос гузоштааст. Асари  Пирогов “Анатомияи топографӣ ” шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Аввалин шуда дар Россия ғояи ҷарроҳии пластикӣ ва дар ҷаҳон пластикаи устухонро пешниҳод кард; як қатор усулҳои ҷарроҳӣ  (буриши банди зону, буридани нарпай ва ғ.)-ро кор карда баромад. Оид ба анатомияи патологии вабо тадқиқоти муфид гузаронд. Аввалин шуда усули гаҷбандиро дар шароити саҳро (1854) истифода бурд. Баъди вафоти Пирогов ба хотири ў Ҷамъияти духтурони рус таъсис ёфт.


 

 

Парадоксов Леонид Фёдорович

Парадоксов Леонид Фёдорович (апр. 1890, деҳаи Тимашева, ҳозира вил. Самараи Россия – 28. 8. 1954, Душанбе), офталмолог, доктори илми тиб (1951), профессор (1952), узви вобастаи АФ ҶШС Тоҷикистон (1951), Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, духтури шоистаи ҶШС Тоҷикистон. Соли 1921 факултети тиббии Университети Осиёи Марказиро хатм кардааст. Солҳои 1920 - 25 ординатори клиникаи бемориҳои чашм (Тошкент). Аз соли 1925 дар муассисаҳои гуногуни Комиссариати халқии тандурустии ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1942 мудири шуъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ, мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз соли 1949 то вафоташ сарокулисти ҷумҳурӣ буд. Дар мавзӯи “Роҳҳои ба воситаи рентген ошкор намудани ҷисми бегона дар чашм” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Парадоксов яке аз асосгузорони хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бо ташаббуси ӯ Диспансери трахоматозии ҷумҳуриявӣ, шуъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва клиникаи бемориҳои чашм  ташкил карда шуданд. Парадоксов ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ экспедитсияи тиббию санитарӣ  ташкил карда бемориҳои кишварии Тоҷикистон - нобиноӣ, конъюнктивити эпидемӣ, трахома, нағзак ва ғайраро ҳарҷониба омӯхтааст. Муаллифи зиёда аз 50 асари илмист, ки асосан ба масъалаи пешгирӣ, ташхис ва табобат (аз ҷумла ҷарроҳї)-и бемориҳои чашм оиданд. Парадоксов асосгузор ва  ва раиси (то охири ҳаёташ) Ҷамъияти ҷумҳуриявии  офталмологҳо  буд. Аз с. 1954 клиникаи бемориҳои чашми назди ДДТТ номи Парадоксовро дорад. Парадоксов аъзои КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон (даъвати солҳои  1929 ва 1930), депутати Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон (1947, 1951) буд. Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.


 

 

Сеченов Иван Михайлович

Сеченов Иван Михайлович (13.08.1829, деҳаи Тёплий Стан, (ҳозира деҳаи Сеченов) - 15.11.1905, Москва), табиатшиноси рус, асосгузори мактаби физиология ва равияи илмии табиӣ дар психология, академики фахрии АФ Петербург (1904; узви вобаста 1869). Омӯзишгоҳи саринжинерии Петербург (1848) ва факултети тиббии Университети Москваро (1856) хатм кардааст. Солҳои 1856 - 59 дар лабораторияҳои И.Мюллер, Э.Дюбуа-Реймон (Берлин), Г.Гелмголс (Гейделберг) кор кардааст. Соли 1860 кафедраи физиологияи Академияи тиббию ҷарроҳии Петербургро ташкил намуд ва ба он роҳбарӣ кард. Мудири кафедраи Университети Новороссийск дар Одесса (1871 - 76), профессори кафедраи физиологияи Университети Петербург (1876 - 88). Аз соли 1889 приватдотсент ва аз соли 1891 профессори кафедраи физиологияи Москва.

Сеченов асосан дар соҳаи физиологияи системаи асаб тадқиқот бурдааст. Соли 1861 Сеченов принсипи ягонаи организм ва муҳитро маъқул дониста, ғояи худидоракунии организмҳоро пешниҳод намуд. Соли 1862 ӯ фарзияро дар бораи ба фаъолияти мутаҳҳаррикӣ таъсир кардани марказҳои мағзи сар дар таҷриба озмуд. Маркази таламусии боздории реаксияи рефлексӣ “маркази сеченовӣ” ва зоҳираи (феноменї) боздории марказӣ номида шуд. Ӯ  муайян намуд, ки системаи марказии асаб (мағзи сар) на танҳо узву системаҳои дигарро бедор мекунад, балки фаъолияти онҳоро боздошта ҳам метавонад. Ӯ мегӯяд, ки ҳамаи реаксияҳои рӯҳии одам сабаб доранд ва аз аз таъсири ягон ҳодисоти берунӣ ангехта мешаванд. Сеченов дар асарҳояш “Кӣ ва чӣ тавр бояд психиологияро таҳия намуд” ва “Унсурҳои фикр” (русӣ - 1878) ақидаҳои худро оид ба масъалаҳои психологияи материалистӣ баён кардааст. Ӯ кошифи нахустини ҳодисаи биоэлектрӣ дар системаи асаб мебошад. Ин кашфи Сеченов ба электрофизиологияи мағзи сар асос гузошт. Мафҳуми танзимии сигналии фаъолияти асабию рӯҳиро ба илм дохил намуда, дахолати кибернетикиро ба организми зинда пешгӯӣ кард. Асарҳои Сеченов дар равнақи илми табиатшиносӣ роли калон бозиданд.


    

 Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович

Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович  (21.07. 1932, ш.Хучанд - 06.05. 1996, Душанбе), духтури оториноларинголог, доктори илми тиб (1968), проф. (1996), узви вобастаи АИТ ИЉШС (1978),  барандаи  Љоизаи  давлатии Тољикистон  ба номи  Абӯалӣ ибни Сино (1979),  Ходими  шоистаи илми ЉШС  Тољикистон. (1989). Хатмкардаи ДДТТ (1954). Ординатори клиникӣ (1954 - 57) ва ассистенти кафедраи  бемориҳои  гӯшу гулӯю  бинӣ  ДДТТ (1958 - 60), сардухтури  беморхонаи  љумҳуриявии №4, ҳамзамон (1960 - 64) дотсенти  кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯю  бинӣ. Докторанти ДДТТ (1964-68)  ба Пажӯҳишгоҳи гӯшу гулӯю бинӣ ш. Москва фиристода шуд), дотсенти кафедраи  оториноларингология  (1968 - 69), ноиби ректор оид ба таълим, ҳамзамон профессори кафедраи оториноларингологияи  (1969 - 73) ДДТТ. Аз соли 1973 то охири  умр ректори ҳамин донишгоҳ.  Ҳамзамон  аз соли 1987 вазифаи мудири кафедраи оториноларингологияро ба уҳда дошт.


 Ғуломов Минҳоҷ Тоҳирович

Ғуломов Минҳоҷ Тоҳирович (03.09.1929, Самарқанд - 6.05.1996, ш. Душанбе), психиатр, доктори илмҳои тиб (1965), профессор (1966), Узви  вобастаи АИТ ИҶШС, Духтури шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977). Сарпсихиатри Вазорати тандурустии Ҷумњурии Тољикистон (1957 – 1996). Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И.П.Павловро хатм кардааст (1952). Ординатори Пажӯҳишгоҳи психиатрияи Москва, аспиранти Донишкадаи умумииттифоқии психиатрияи умумисудии ба номи В.П. Серебский (1952 - 1960), мудири кафедраи психиатрия (аз с.1960) ва ҳамзамон (аз с.1974) проректори ДДТТ ба номи Абӯалї ибни Сино. Муаллифи 377 мақолаҳои илмӣ, 8 китоб, 18 монография, 48 дастурамал, 15 кашфиёт.


 

 Ҳакимова Саъдиниссо Ҳафизовна

    Ҳакимова Саъдиниссо Ҳафизовна (тав.20. 12. 1924, деҳаи Пӯлодони ш. Конибодом, акушер - гинеколог, асосгузори мактаби илмии акушер - гинекологҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб (1958), профессор (1962), узви вобастаи АИТ ИҶШС (1969 - аз с 1992 - АИТ Россия), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1968), Аълочии тандурустии  ИҶШС (1945). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалї ибни Сино (1943). Ординатори шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии ш.Кӯлоб (1943 - 1944), роҳбари шуъбаи ҳифзи тандурустии вилояти Қурғонтеппа (ҳоло Хатлон 1944 - 1946), ассистент (1946 - 1958) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1958 - 1980), директори Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Тоҷикистон (1980 - 1993). Солҳои 1963 - 1965 сармутахассиси Вазорати Тандурустӣ оид ба акушерӣ ва гинекология буд. Зиёда аз 200 таълифоти илмӣ дорад, аз ҷумла 10 монография, 4 тавсияи методӣ, зиёда аз 100 мақолаю тезисҳои илмӣ, 5 кашфиёт ва 5 тавсияи навоварӣ.


 

Тоҷиев Комил Тоҷиевич

   Тоҷиев Комил Тоҷиевич (25. 10. 1910, Конибодом, 30. 03. 1981, Душанбе), ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1960), профессор(1961), Ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷикистон (1963), узви пайвастаи АФ ҶТ (1965), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалї ибни Сино (1967). Институти тиббии 2 - юми ш.Москва ба номи Н.И.Пироговро хатм кардааст (1937). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 - 1945). Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии Институти давлатии тиббии шањри Тошкент (1946 - 1951). Иҷрокунандаи вазифа (1952 – 1954) ва мудири кафедраи ҷарроҳии умумӣ (аз 1960), ҳамзамон (1965 - 1973) ректори ДДТТ буд. Таҳти роҳбарии Тоҷиев 6 рисолаи докторӣ ва зиёда аз 20 рисолаи номзадӣ ба ҳимоя расидааст.  Тоҷиев мактаби ҷарроҳони тоҷикро бунёд кард. Муаллифи 8 монография ва зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмист. Соли 1963 Съезди якуми ҷарроҳони Тоҷикистонро баргузор сохт. Тоҷиев ҳамчунин ташкилотчии конфронси якуми муштараки ҷарроҳони сандуқи синаи ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, Қазоқистон ва Кавказ аст. Бо орденҳои Ленин, Дӯстии халқҳо, Ситораи Сурх, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1, 2) ордени “Нишони Фахрӣ” ва медалҳо мукофотонида шудааст.


Раҳимов Яҳё Абдуллоевич

  Раҳимов Яҳё Абдуллоевич (15. 09. 1916, Хуҷанд  -  09.1993, Душанбе), анатом, доктори илмҳои тиб (1967), профессор (1967), узви вобастаи АИ ҶТ (1951), Ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷикистон (1957), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987), донишҷӯи институти Ашқобод (1938 - 1942) ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1942 - 1943). Ассистенти кафедраи анатомияи топографии донишгоҳи мазкур (1943 - 1946). Аспиранти институти морфологияи эътидолии АИТ ИҶШС (1946 - 1949). Аз с 1950 дотсент ва мудири кафедраи анатомияи эътидолии факултети муолиҷавӣ ҳамзамон (то соли 1957) ректори ДДТТ. Солҳои 1957 - 1963 Вазири Тандурустии ҶТ буд. Муаллифи 130 асари илмӣ, аз ҷумла, чанд монография мебошад. Бо орденҳои Ленин, “Байрақи Сурхи Меҳнат”, “Нишони Фахрӣ” ва медалу грамотаҳо мукофотонида шудааст.


Мансуров Ҳаким Ҳусейнович

Мансуров Ҳаким Ҳусейнович (тав. 20. 12. 1925, Самарқанд), терапевт, доктори илми тиб (1958), профессор (1961), Узви пайвастаи АИ ҶТ (1978; узви вобаста 1961), Ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷикистон (1976), дорандаи  Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), Мукофоти ФИ ҶТ ба номи Е.Н.Павловский (2003). Солҳои 1951 - 1954 ассистент, баъд дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Аз соли 1954 то 1958 докторанти институти терапияи АИТ ИҶШС. Солҳои 1958 - 1975 мудири кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ, ҳамзамон директори Институти тадқиқоти илмии тиббии кишварӣ (ҳоло Институти гастроэнтерология; 1962 - 2000). Муаллифи зиёда аз 900 асари илмӣ, 18 монография. Зери роҳбарии Мансуров 80 рисолаи номзадӣ ва 18 рисолаи доктории илм ҳимоя карда шудааст. Барои силсилаи лексияҳо оид ба гепатология дар Академияи тиббии  Хитой сазовори дипломи “Барои фаъолияти академӣ” ва медали Вазорати тандурустии Хитой гаштааст. Бо орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр, Исмоили Сомонӣ ва медалҳо мукофотонида шудааст.


 

 Усмонов Неъматулло Усмонович

Усмонов Неъматулло Усмонович (тав. 6. 1. 1929, Самарқанд), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1969), профессор (1970), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1979). Узви пайвастаи АИ ҶТ (2001), барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (с.2003). Ординатор, аспирант, ассистент ва дотсенти  кафедраи ҷарроҳияи  умумии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1953 - 1964). Усмонов муаллифи 500 китобу  мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла, 8 монография, 13 дастури методӣ, 3 китоби дарсӣ, 80 навоварӣ ва ихтироот мебошад. Аъзои Ассотсиатсияи аврупоии ҷарроҳони дилу рагҳо ва сандуқи сина (Британияи Кабир), Аъзои Ассотсиатсияи ҷарроҳони Тоҷикистон. Солҳои 1988 – 1992 аъзои ҷарроҳон ва ҷарроҳони дилу рагҳои ИҶШС буд. Бо ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.


Пӯлодов Аъзам Тоҳирович

Пӯлдодов Аъзам Тоҳирович (1928, Самарқанд - 2008, Москва), ҷарроҳ, узви вобастаи АИ ҶТ (1985), доктори илмҳои тиб (1963), профессор (1966), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974). Аълочии тандурустии  ИҶШС (1956). Ординатори клиникии ДДТТ (1949 - 1951), аспирант (1951 - 1954), ассистент (1954 - 1956), дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1956 - 1964), мудири кафедраи ҷарроҳии бачагона (1964 - 1996). Пӯлодов муаллифи 5 монография ва 12 тавсияномаҳои методист. Таҳти роҳбарии ӯ бештар аз 10 маҷмӯаи илмии симпозиум ва конференсияҳои илмии ҷарроҳони Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказию Қазоқистон нашр шудааст. Сарҷарроҳи Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1965), раиси Ҷамъияти муттаҳидаи илмию амалии ҷарроҳони ҶШС Тоҷикистон (аз 1973), аъзои Ҷамъияти байналхалқии ҷарроҳон (аз 1983), узви Шӯрои таҳририяи маҷаллаи “Вестник хирургии И.И.Грекова” (аз 1965), аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Нигоҳдории тандурустии Тоҷикистон” (аз 1967) буд. Бо ордени “Нишони Фахрӣ” мукофотонида шудааст.