ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ “ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
18-уми майи соли 2023 дар ноҳияи Данғара даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.
Дар номинатсияи “Математика” донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Ш. Бахтиёр, дар номинатсияи “Физика” донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Раҳимов Ф.А., дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Рустамқулова Г. ва дар номинатсияи “Биология” донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Худойбердиев Ҳ.Ж. бо ҷойи якум сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 Дадаҷонов Ҷ.Ю. ҷойи аввалро ба даст овард.
Донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Тураев Н. ва донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Набиев Ш.Ш. аз рӯйи номинатсияи “Математика”, донишҷӯёни курси якуми факултети стоматологӣ Ёрова Э. ва Пиров В. аз рӯи номинатсияи “Физика”, донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ Раҳимов У.М. ва Худойқулов Б.Ш. аз рӯйи номинатсияи “Химия”, донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ аз рӯи номинатсияи “Биология” ва донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Умаров А.А. аз рӯи номинатсияи “География” ҷойи дуюмро ишғол намуданд.
Ҷойи сеюмро дар номинатсияи “Математика” донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Тоҷиев Ҳ., дар номинатсияи “Физика” донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ С.Ҳабибулло, дар номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Юлдошев А., дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ Ҳалимзода М. ва Ализода Г., дар номинатсияи “Химия” донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ Шоқурбонов Э. ва донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Маҳмадҷонов А.А., дар номинатсияи “Биология” донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Барфиева Г.Ш. ва донишҷӯи курси чоруми факултети педитарӣ Мирзоев Ш.Ҷ. ва дар номинатсияи “География” донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Исмоилзода Б.М. ишғол намуданд.
Илова бар ин, ду нафар донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ Шералиев З.С. ва Хуррамов О.Р. дар номинатсияҳои “Химия” ва “География” ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.
Раёсати ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар оянда комёбиҳои бузургро таманно менамоянд.
МУОВИНАТИ ИЛМ ВА НАШРИЯ
16-17-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Пояи давлат набошад бе маориф устувор" баргузор гардид.
Дар олимпиадаи имсола 400 нафар донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ дар ду бахш-фанҳои гуманитарию иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва табиию риёзӣ бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 36 нафар сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, 4 нафар барои иштироки фаъолона сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Дар ин озмун, 11 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро аз рӯи 11 фанни таълимӣ - забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, физика, математика, информатика, химия, биология ва география иштирок карданд.
Рӯзи 17-уми май дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Боиси хурсандист, ки дар ин олимпиада Абдуллоева.М. Ш.-донишҷӯи курси 3-юми факултети педиатрӣ аз фанни забони англисӣ ва Қурбонов А.Р.-донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва Ҷ. Қурбоналӣ-донишҷӯи курси6-уми факултети тиббӣ аз фанни физика сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплому медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Камолова М.В. - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ бошад, аз рӯи натиҷаи холҳо дар ҷойи чорум қарор гирифта, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ғолибони олимпиадаро табрику таҳният намуда, барояшон комёбиҳои беназир орзу менамоянд.
ДЕКАНАТ
БАРГУЗОРИИ “ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ” ДАР ДДТХ
15-уми майи соли 2023 аз ҷониби Қурбонзода Т.Ҳ. муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТХ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хонишҳои сиёсӣ донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТХ ширкат варзиданд.
Муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбонзода Т.Ҳ. оид ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони истиқлол, бузургии ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пос доштани муқаддасоти Тоҷикистони азиз суханронӣ намуд.
Дар анҷоми маҷлис омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ба ҳамин васила мусоидат намудан дар самти баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси худшиносии ҷавонон бо Сипосномаи раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
ШУЪБАИ КОР БО
ҶАВОНОНИ ДДТХ
ИМТИҲОНҲОИ ХАТМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДТХ БА АНҶОМ РАСИДАНД
15 - юми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имтиҳони хатми давлатӣ ба анҷом расид.
Хатмкунандагон бо тайёрии ҳамаҷониба ва дониши мукаммали касбӣ охирин имтиҳонашонро супориданд.
Лозим ба ёдоварист, ки имтиҳони хатм дар се давра (супоридани малакаҳои таҷрибавии касбӣ, ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ (шифоҳӣ) ва имтиҳони тестӣ) баргузор гардида, аз рӯйи системаи 100 балла баҳогузорӣ карда шуданд. Донишҷӯёни факултети тиббӣ аз рӯи ихтисоси “Кори табобатӣ”, факултети педиатрӣ аз рӯи ихтисоси “Педиатрия” ва факултети стоматологӣ аз рӯи ихтисоси “Стоматология” имтиҳони хатми давлатӣ супориданд.
Имсол 29 нафар донишҷӯ Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро бо дипломи аъло хатм намуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ҲИМОЯИ НАВБАТИИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ДДТХ
Written by ADMIN15-уми майи соли 2023 мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Одинаев Саидаҳмад Полвонович рисолаи номзадиро дар мавзуи «Воҳидҳои фразеологии ҳамқолаб дар забони адабии муосири тоҷик» дар Шӯрои дисертатсионии 6D КОА-028-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ ҳимоя намуд.
Бояд тазаккур дод, ки Одинаев С.П. дар тӯли фаъолияти кориаш дар маҷаллаҳои гуногуни илмӣ мақолаҳои зиёди илмиро ба нашр расонидааст. Номбурда дар таълиму тарбияи шогирдон барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён саҳми арзанда гузошта, муаллифи дастурҳои илмӣ, методӣ ва китоби дарсӣ мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон омӯзгори кафедраи забонҳо - Одинаев С.П.-ро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадиаш табрику таҳният намуда, барои ӯ саломатӣ ва дар корҳои илмии ояндааш комёбиҳои беназирро орзу менамоянд.
РАЁСАТИ ДДТХ
ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” МУАЙЯН ГАРДИДАНД
Written by ADMINАз 12-ум то 13-уми майи соли 2023 дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар озмуни мазкур 1 нафар омӯзгор ва 6 нафар донишҷӯ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. ҷойи якумро ишғол намуд.
Дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Убайдуллоева С. сазовори ҷойи якум, донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Убайдуллоева С. сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, дар номинатсияи мазкур омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Раҷабова Г. ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ҳакамон донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ - Давлатова Н.-ро сазовори ҷойи якум донистанд.
Раёсати ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар оянда комёбиҳои бузургро таманно менамоянд.