ЗЕБОӢ ВА ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ
Санаи 27-уми январи соли 2024 бо ташаббуси Бахши кор бо чавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар назди майдони Парчам ҷиҳати иҷрои нақша-чорабинии оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони идораву муассисаҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
Дар баробари дигар идораву муассисаҳо зиёда аз 30 нафар ҳайати професорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд. Дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар идораву муассисаҳо низ машқҳои пагоҳирӯзӣ доир карда шаванд.
Хабарнигори сомона.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ КУРАТОРОН
Санаи 24-уми январи соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои кураторон баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо, кураторони гурӯҳҳои академӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, муовинони декан ва масъулони бахши варзиш иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Шурои кураторон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсент Қурбонмамадов С.Х. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Дар рӯзномаи ҷаласа, асосан, мавзуъҳои "Баррасии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Баррасии натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатгузории кураторони гурӯҳҳо", "Натиҷагирӣ аз иҷрои бандҳои 11, 13, 17, 18, 20, 24, 26, 27, 28 ва 29-и Нақша – чорабиниҳои тарбиявии донишгоҳӣ (аз 31-уми августи соли 2023)", "Вазифагузорӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати таҳким бахшидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва татбиқи "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2021-2025" дар ДДТХ барои соли 2024" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардида ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ гардида, баҳри иҷрои босифати корҳои тарбиявии донишгоҳ ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зикр карда шуд, ки бо фароҳам омадани шароитҳои боз ҳам беҳтар барои таълиму тарбияи донишҷӯён ҳар кадоми мо уҳдадор ҳастем, ки тамоми қувва ва неруи худро барои тарбия намудани мутахассисони ояндаи соҳаи тиб сарф намоем ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намоем.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд ва барои иҷро масъулин вазифадор карда шуданд.
Хабарнигори сомона.
ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ ОРОИШӢ ДАР ГИРДУ АТРОФИ ДОНИШГОҲ
Дар баробари сохта ба истифода додани Бинои муҳташами Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, шинонидани дарахтони ороишӣ дар гирду атрофи донишгоҳ аз масъалаҳои дигаре ба шумор мерафт, ки дар мадди диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта буд.
Бо ин мақсад, тибқи супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби боғи МД "Маҷмааи Қасри Миллат"-и ДИП ҶТ дарахтони ороишӣ ба донишгоҳ оварда шуда, шинонда шуданд.
Дар маҷмуъ, аз ҷониби кормандони МД "Маҷмааи Қасри Миллат"-и ДИП ҶТ бо намояндагии сардори шуъбаи "Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-и МД "Маҷмааи Қасри Миллат"-и ДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ 271 адад дарахтони ороишӣ ворид гардиданд, ки аз ҷониби муовинати хоҷагӣ, деканати факултетҳо ва донишҷӯёни донишгоҳ тариқи ҳашар зери назорати худи намояндаи МД "Маҷмааи Қасри Миллат"-и ДИП ҶТ ва намояндагони масъули донишгоҳ шинонда шудаанд. Аз шумораи 271 адад дарахтони ороишӣ 122 ададро дарахтони арча (Сосна)-и баландиашон аз 5 то 6 метр, 76 ададро дарахтони арча (Сосна)-и баландиашон аз 4 то 5 метр, 65 ададро дарахтони арча (Сосна)-и баландиашон то 4 метр ва 8 ададро дарахтони ороишии навъи "акатсия" бо андозаҳои гуногун ташкил дод.
Зикр бояд кард, ки аз санаи 17-уми ноябр то санаи 4-уми декабри соли 2023 бо роҳбарии деканати факултетҳо ва қисмати хоҷагидории донишгоҳ фориғ аз машғулиятҳо, дар маҷмуъ, 59 гуруҳи академӣ бо шумораи умумии 664 нафар донишҷӯ бо ҳамроҳии намояндаи МД "Маҷмааи Қасри Миллат"-и ДИП ҶТ дар шинонидани 271 дарахти ороишӣ саҳм гузоштанд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ин дастгириҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамояд. Ҳамзамон, ба кормандони МД "Маҷмааи Қасри Миллат"-и ДИП ҶТ, "Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Хуррамшаҳр"-и ноҳияи Данғара барои саҳм гузоштан дар шинондани дарахтони ороишӣ дар гирду атрофи донишгоҳ миннатдории хешро баён менамояд.
Хабарнигори сомона.
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР ПЛЕНУМИ ПАНҶУМИ КУМИТАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 5-уми январи соли 2024 дар Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Пленуми панҷуми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар пленуми мазкур Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҳаётзода Н.Ш., Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон М. Неъматзода, раисони Кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони тандурустии ВМКБ, вилояти Суғду Хутлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа иштирок намуданд.
Нахуст Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон М. Неъматзода аз бурду бохти соли 2023 ибрози андеша намуда, ҳамзамон, баъзе нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар навбати худ муовини Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Р. Улмасов оид ба фаъолияти Кумита дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 андешаронӣ намуд.
Намояндаи донишгоҳ, декани факултетҳо, ҳамзамон, Раиси табибони ҷавони Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ, дотсент Холзода Ш.И. аз дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2023 сухан намуд.
Дар охир, ба як қатор кормандон туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои соҳавӣ тақдим карда шуд, ки дотсент Холзода Ш.И. бо нишони сарисинагии "Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ" сарфароз гардонида шуд.
Хабарнигори сомона.
ТАҚДИМИ КИТОБҲОИ НАВ БА КИТОБХОНАИ ДОНИШГОҲ
Ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи донишгоҳ ва фаъолияти пурсамари он аз масъалаҳои муҳим ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва маънавиёти донишҷӯён ба шумор меравад.
Боиси ифтихор аст, ки дар давоми моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Мироҷов Г.К. 2 номгӯйи адабиёти таълимӣ бо теъдоди 20 нусха, аз тарафи профессори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино - Сангинов Ҷ.Р. 3 номгӯйи адабиёт бо 11 нусха ва аз тарафи директори Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А. - Азизода З.А. 1 номгӯйи адабиёт бо 3 нусха ба фонди китобхонаи ДДТХ чун тӯҳфа ворид гардиданд.
Раёсати донишгоҳ барои ин иқдом ба олимони соҳа изҳори сипос менамояд ва умедвор аст, ки адабиётҳои таълимии воридшуда барои пайдо намудани маълумотҳои нави тиббӣ ба донишҷӯён хизмат хоҳанд намуд.
Китобхонаи донишгоҳ.