Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дар доираи иҷрои Нақша-чорабиниҳои тарбиявии донишгоҳӣ вобаста ба идҳои баҳорӣ ва мавриди амал қарор додани мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.2024, таҳти №05/35/05-213 ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтани "Рӯзи Модар" санаи 05.03.2024. дар донишгоҳ озмуни "Канӣ духтарон" байни донишҷӯдухтарони се факултет доир гардид. Мақсади асосии баргузории озмуни "Канӣ духтарон" ин дар байни донишҷӯдухтарон тарғиб намудани суннати анъанаҳои миллӣ, дарёфт намудани истеъдодҳои нодир, чеҳраҳои нави ҳунару маҳорат, малакаву истеъдод, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги ниёгон, тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва сазовор пешвоз гирифтани " Рӯзи модар" мебошад. Шурои занон ва духтарон, шуъбаи тарбия ва фарҳанг, деканати факултетҳо ва кураторони гурӯҳҳо рафти тамрин ва омодагии гулдухтаронро таъмин ва назорат менамуданд. Дар озмуни мазкур гулдухтарони дастаи "Гулрез"-и факултети тиббӣ, "Фариштаҳои тиб"-и факултети педиатрӣ ва "Табассум"-и факултети стоматологӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.

Гулдухтарон шартҳои озмунро, ки аз: 1.Саломнома ва худмуаррифкунии даста; 2.Қироати порчаҳои манзум ва мансур дар васфи Зан-Модар; 3.Намоиши либоси миллӣ; 4.Суруди якка бо овози зинда дар васфи Зан-Модар; 5.Ороиш ва бофтани мӯй; 6.Рақси миллӣ; 7.Омода намудани хуриши тезтайёр; 8.Саҳначаи ҳаҷвӣ; 9.Намоиши ҳунарҳои мардумӣ иборат буданд, бо маҳорату истеъдоди хос иҷро намуданд. Дар навбати худ, аъзои ҳакамон ҳунару маҳорат, истеъдоду малака, маъниву бурогии сухан, озод будан дар саҳна, ҳаракатҳои саҳнавӣ ва тарзи иҷро намудани шартҳои озмунро баҳогузорӣ намуданд.

Пас аз натиҷагирӣ гулдухтарони дастаи "Фариштаҳои тиб"-и факултети педиатрӣ бо гирифтани холи баландтарин соҳиби ҷои аввал, "Гулрез"-и факултети тиббӣ сазовори ҷойи дуюм ва "Табассум"-и факултети стоматологӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Шурои занон ва духтарони ДДТХ.

Бо мақсади иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва пӯшидани сару бегона, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аксияи «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ" баргузор гардид. Донишҷӯдухтарон либосҳои зебои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва чакан, ки худ муаррифгари фарҳанги бою ғании миллати тамаддунофари тоҷик мебошанд, ба бар намуданд. Шурои занон ва духтарони донишгоҳ дар фаъолияти минбаъда низ ин дастури вазоратро мавриди амал қарор медиҳад ва ба ин васила дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ дар донишгоҳ такони нав хоҳад бахшид.

Шурои занон ва духтарон.

Санаи 19-уми феврали соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони "Занон ва рушди илми муосир" баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш донишҷӯдухтарони фаъол, омӯзгорзанон ва намояндани кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ дар ноҳияи Данғара Абдуллозода Х. иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш 10-маърӯза дар мавзуъҳои гуногун, аз қабили «Пешгирии омосҳои хушсифат ва бадсифати ғадудҳои ширӣ» аз ҷониби мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2-и ДДТХ, PhD Норматова М.А., «Саҳми олим Ҳакимова С.Х. дар рушди илми акушерӣ ва гинекологӣ» аз ҷониби мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенералогияи ДДТХ, н.и.т. Исоева Б.И., «Бемории гингивит» аз тарафи мудири кафедраи фанҳои стоматологии ДДТХ Қосимова Ф.С., «Манфиату зарари ҳиҷомат аз назари Исмоили Ҷурҷонӣ» аз ҷониби омӯзгори кафедраи анатомияи нормалии ДДТХ, н.и.ф. Сангова Ҳ.Р., «Нақши зан дар Паёми Президенти кишвар» аз тарафи омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТХ, н.и.и. Давлатова Г.М., «Неблагоприятные перинатальные исходы при поздних преждевременных родах» аз ҷониби ассистенти кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавии ДДТХ Сармисоқова Х.Ҷ., «Саҳми олимон - занони тоҷик дар рушди тибби муосир» аз ҷониби омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С.Ситамов-и ДДТХ Қосимова Р.С., «Эффективность ингаляционной терапии у детей с пневмонией и синдромом дыхательной недостаточности» аз тарафи ассистенти кафедраи педиатрии ДДТХ Муродова М.Қ., «Ҳарфҳои заррини Пешвои миллат дар васфи бонувон» аз ҷониби раиси Шурои занон ва духтарони ДДТХ Шарипова Ҳ. Я. шунида шуданд.

Ҳамоиши дар сатҳи баланди илмӣ доир гардида, иштирокчиён ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шурои занон ва духтарони ДДТХ.

Шанбе, 24 Феврал 2024 00:00

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

Санаи 24-уми феврали соли 2024 дар донишгоҳ Ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласа бо сухани муқаддимавии Раиси Шурои олимон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ ёфта, ҳозирин бо рӯзномаи ҷаласа шинос карда шуданд.

Раиси Шурои олимон пеш аз баррасии масъалаҳои рӯзнома нахуст мудири кафедраи тибби ҳарбӣ Баҳром Маҳмудро, ки синни мубораки 55-ро пур намуд, аз номи аъзои Шурои олимон, раёсати донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон табрику таҳният намуд.

Сипас аз рӯйи масъалаи “Маълумот оид ба амалишавии “Стратегияи рушди ДДТХ барои солҳои 2022-2026” дар соли 2023” - муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р., аз рӯйи масъалаи “Ҳисобот оид ба иҷроиши сметаи даромад ва хароҷотии маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ дар соли 2023” - сармуҳосиб Шарипов Ғ. ва аз рӯйи масъалаи “Маълумот оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ДДТХ” - муовини раиси Комиссияи донишгоҳӣ дотсент Қурбонмамадов С.Х. баромад намуданд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ баъзе Карорҳои Шурои олимон вобаста ба таълим пешниҳод ва тасдиқ карда шуданд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 23-юми феврали соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи таъисисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раёсати донишгоҳ, ҲПО, кормандон ва донишҷӯён барномаи адабӣ-мусиқии аҳли ҳунари донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳозиринро бо ин санаи муҳимми таърихӣ табрику таҳният намуда, аз таърих, пешрафт ва рушди Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ҳарф зад.

Пас аз сухани табрикотии Ректори донишгоҳ омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ Зикирзода Д. Қ. бо маърузаи "Артиши миллї – рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ" баромад намуд. Донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ Рустамқулова Г. ва донишҷуи курси дуюми факултети стоматологӣ Узоқов А. перомуни таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ прензтатсияи пурмуҳтаворо пешкаши ҳозирин намуданд.

Сипас дастаи ҳунарии "Дурахшон"-и донишгоҳ дар ҳамоҳангӣ бо кафедраи тибби ҳарбӣ ва кафедраи стоматологӣ Барномаи адабӣ-мусиқиро таҳти унвони "Шукуҳи Артиши миллӣ", ки аз рақсу суруд, тарона ва қироати порчаҳои манзуму мансури ватандӯстона иборат буд, бо ҳунари воло ва истеъдоди баландашон манзури аҳли нишаст намуд.

Хабарнигори сомона.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободониву тозагии гирду атрофи ноҳияи Данғара Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳти роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон санаи 13-уми феврали соли 2024 дар ҳудуди донишгоҳ ва ҷамоати шаҳраки Данғара “Аксияи экологӣ”-ро бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ду баст доир намуд.

Дар басти аввал, 75 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ва 30 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ДДТХ бо роҳбарии декани факултетҳо ва намояндаи коллеҷи тиббӣ сафарбар гардида, аз дохили донишгоҳ,  Коллеҷи тиббии ДДТХ ва роҳҳои гирду атрофи донишгоҳ партовҳои полиэтилениро ҷамъоварӣ намуданд.

 Дар басти дуюм бо роҳбарии Ректори ДДТХ, ҳайати Раёсати донишгоҳ, роҳбарият ва кормандони Коллеҷи тиббии ДДТХ зиёда аз 100 нафар донишҷӯён ба тозагии гирду атроф сафарбар гардида, асосан ба тоза намудани гирду атрофи заҳбури назди пули рӯбарӯи хобгоҳи донишҷӯёни ДДТХ машғул гардиданд. Ҳамзамон, бо ҳамроҳии кормандон ва донишҷӯён дохили донишгоҳ ва коллеҷро низ аз партовҳои полиэтиленӣ тозаву озода намуданд.

Дар маҷмуъ, санаи 13-уми феврали соли 2024 аз ҳисоби кормандону донишҷӯёни ДДТХ ва Коллеҷи тиббии ДДТХ барои гузаронидани “Аксияи экологӣ” зиёда аз 200 нафар сафарбар гардид, ки барои тозаву озода намудани гирду атрофи донишгоҳ ва ҳудуди ноҳия саҳми арзанда гузоштанд.

Хабарнигори сомона.

Page 2 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид