ADMIN
Санаи 13-ум ва 14-уми декабри соли 2024 Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳҳои олии тиббӣ ба номи «Самарқанд-2020» тариқи оффлайн ва онлайн дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд баргузор гардид.
Мақсади баргузор намудани Олимпиадаи байналмилалӣ «Самарқанд-2020» ин оммавӣ гардонидани донишҳо дар соҳаҳои гуногуни тиб ва илмҳои бунёдӣ, инчунин баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, фароҳам овардани имконият барои намоиши иқтидори илмӣ ва эҷодии донишҷӯён мебошад.
Имсол дар ин олимпиадаи байналмилалӣ намояндагони беш аз бист кишвар ва зиёда аз 150 донишгоҳҳои олии тиббии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Олмон, Русия, Малайзия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Озарбойҷон, Украина, Беларус ва Ҷумҳурии Корея ширкат доштанд. Дар чорабинӣ зиёда аз 730 иштирокчӣ дар шакли оффлайн ва 4000 дар шакли онлайн иштирок намуданд.
Олимпиадаи байналмилалии «Самарқанд-2020» аз рӯи 14 фанни фундаменталӣ (анатомияи клиникии одам, физиология, физиологияи патологӣ, тибби судӣ, забони лотинӣ ва терминологияи тиббӣ, биологияи тиббӣ, гистология, патология ва эмбриология, микробиология, химияи тиббӣ, биологияи тиббӣ, фармакология, фарматсия, таърихи тиб ва биоэтика) ва 26 фанҳои клиникӣ (ҷарроҳӣ, нейроҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, травматология ва ортопедия, анестезиология ва реаниматология, бемориҳои дарунӣ, ташхиси бемориҳои дарунӣ, бемориҳои сироятӣ, неврология, урология, радиология, онкология, офталмология, реабилитология, тибби варзишӣ ва тибби халқӣ, педиатрия, ташхиси бемориҳои кӯдакона, акушерство ва гинекология, стоматологияи терапевтӣ, стоматологияи ортопедӣ, стоматологияи ҷарроҳӣ ва ҷарроҳии ҷоғи рӯй, стоматологияи кӯдакона, оториноларингология, ташхиси лаборатории клиникӣ, бемориҳои пӯст, эндокринология, психиатрия клиникӣ) баргузор гардид.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар олимпиадаи мазкур 10 нафар донишҷӯ тариқи оффлайн ва 2 нафар донишҷӯ тариқи онлайн иштирок намуданд, ки 2 нафарашон ҷойи дуюм ва 10 нафарашон аз рӯи номинатсияҳои гуногун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар маросими пӯшидашавии олимпиадаи байналмилалӣ ба ғолибон ҷойҳои 1, 2, 3 ва номинатсияҳо, инчунин, ба иштирокчиёни фаъол диплом, сертификат, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд тақдим карда шуд.
Шуъбаи равобити байналмилалӣ