ADMIN
Аз 01.04.2016 то 30.04.2016 ба комиссияи қабул ҳамагӣ 1633 нафар ҳуҷҷат супорид, ки дар маҷмуъ нисбат ба шумораи ҷойҳои тибқи нақша ҷудогардида 4,5 маротиба зиёд буда, инчунин дар таносуби ҷойҳои буҷавӣ, махсусан дар факултети тиббӣ теъдоди доталабон 10:1 - ро ташкил медод. Маълум менамоем, ки аз миқдори умумӣ - 1097 нафар (67, 2% ) ба таври буҷавӣ ва 536 нафар (32, 8%) ба тариқи шартномавӣ ҳуҷҷат супоридааст.
Аз шумораи умумӣ довталабон - 1146 нафар (70,2%) аз вилояти Хатлон, аз вилояти Суғд -188 нафар (11,5%), аз вилояти ВКМБ - 10 нафар (0,6%), НТҶ - 137 нафар (8,4%) ва аз шаҳри Душанбе - 152 нафар ё худ 9, 3% - ро ташкил медиҳад.
Зимнан тибқи қарори Раёсати донишгоҳ аз 220 холи максималии саволҳои тестӣ, холи гузариш ба имтиҳони дуюм аз 60 хол ва зиёда аз он муқаррар гардида буд.
Имтиҳони тестӣ рўзи 02 – юми майи соли равон дар мактаби Президентии н.Данғара баргузор шуд, ки аз 1633 нафар довтаб ба имтиҳон 1540 нафар ё худ 94, 3% ҳозир шуд. Теъдоди ҳозирнашудагон бошад 93 нафарро ташкил медод. Аз шумораи нафарони имтиҳонсупорида 519 нафар (33%) соҳиби аз 60 хол ва зиёда аз он гаштанд, ки барои иштирок ба даври дуюми имтиҳон иҷозат дода шуданд. Даври дуюми имтиҳони хаттӣ рўзи 07 – юми майи соли ҷорӣ доир гашт, ки аз 519 нафари ба имтиҳон роҳёфта, 476 нафар (91,7%) дар имтиҳон иштирок намуд. Теъдоди довталабон нокомгашта аз кори хаттӣ 42 нафарро ташкил дод.
Мутобиқи Қоидаҳои қабул, санаҳои 4 – ум ва 8 - уми майи соли 2016 Комиссияи апеллятсионӣ вобаста ба натиҷаи имтиҳонҳои тестӣ ва кори хаттӣ фаъолият намуда, аризаи 42 нафар довталабонро дар ҳузури волидайнашон баррасӣ намуд. Дар натиҷа дар 2 ҳолат ба холҳои гирифтаи довталабон ба миқдори 3 хол зиёд карда шуд.
Натиҷаи ҷамъбастии имтиҳонҳо дар соли таҳсили 2016-2017 маълум намуд, ки 352 нафар довталаб (150 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 202 нафар ба тариқи шартномавӣ) ҳуқуқи ба донишгоҳ қабул шуданро пайдо намуданд. Аз ин теъдод - 72,5 - ро аз вилояти Хатлон, - 14,2% аз вилояти Суғд, - 0,6% аз вилояти ВМКБ, - 6,8% аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва - 5,9% аз шаҳри Душанбе ташкил медиҳад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон довталабони комёбгаштаро табрику таҳният гуфта, дар оғози соли нави хониш барояшон бурдбори ва дастовардҳои нав ба навро орзуманд аст.