ADMIN
Кӯмакҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Пас аз таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон раёсати донишгоҳ имрӯзҳо бо мақсади омодагии саривақтӣ ба соли аввали таҳсил кушишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст, то ки машғулиятҳо дар сатҳи баланд гузаронида шаванд, ҳамзамон кафедраҳо бо ашёҳо ва маводҳои лозима таъмин бошанд. Зимни ин гуфтаҳо зикр кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи 16 – уми августи соли равон дар идомаи кӯмакҳои хайриявӣ ҷиҳати таъмин намудани китобхонаи донишгоҳ бо ададбиёти таълимию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, аз қабили «Анатомияи одам», «Атлас анатомия человека», «Атлас-учебник по функциональной анатомии человека», «Гистология» «Гистология, цитология и эмбриология» ва ғ. бо теъдоди умумии 1490 номгӯи китоб, ки 7537 нусхаро ташкил медиҳанд, ба фонди китобхона тӯҳфа карда шуд. Илова бар ин, барои кафедраи анатомия маводҳои айёнӣ ва як адад тахтаи электронӣ тақдим карда шуд. Лозим ба қайд аст, ки дар маросими расонидани кӯмак мушовири ректор Қурбонов С., муовинони ректор; Гадоев Б., Ибодов С., Холов Ё ва мудири китобхони илмии ДДТТ Хайруллоева С. ҳузур доштанд. Иқдоме, ки аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба анҷом расонида шуд, аз ҳамоҳангӣ ва муносибати тарафайни ин ду донишгоҳе, ки баҳри омода намудани табибони олидараҷа ва ҷомеаи солим мекушанд, дарак медиҳад.
Дар навбати худ Раёсати донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз иқдоми роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ректори он Гулзода М. сипосгузор буда, умед аст, ки бо ин амали нек дар қатори дигар абармардони тоҷик исми онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини донишгоҳи мо сабт хоҳанд шуд.