
ADMIN
Ба маълумоти омӯзгорон ва донишҷӯён расонида мешавад, ки санаи 16.11.2016 дар Донишгоҳ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Барои боз ҳам хотирмон гузаштани ин рӯзи таърихӣ дар толори Китобхонаи Донишгоҳ намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад. Хоҳишмандон метавонанд ба толори хониши Китобхона омада аз осор ва зиндагиномаи ин шахси бузург огаҳӣ ёбанд.
Маъмурияти Китобхона