Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
ADMIN

ADMIN

Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ҳафтаи нави таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо боридани барфи нахустин  оғоз ёфт. Барфи аввал бо ҳама ташвишу сардиҳояш ба дили одам як суруру шодии махсусе мебахшад, чунки сафедӣ ҳама вақт руҳи одамро болида медорад ва умед ба фардои дурахшон мебахшад.

Устоди шодравон Лоиқ Шералӣ боридани барфро чӣ гуна шоирона ва ошиқона ба қалам додааст:

Барф борид –

            барфи печон,

                                   барфи рақсон,

Пора-пора,

            бешумора.

Дар кафи ҳар барг сими реза дод,

Бар дарахтон хилъати покиза дод,

Ҳар дарахти камбари рухзардро

Тоҷи симандуд дар торак ниҳод.

Аз пушти тиреза ба боридани барф назар дӯхта, саманди хаёлам маро бо ҷойҳои дури дур мебараду ҷаҳони андешаамро мурғи хаёл рангину афсонавӣ менамояд:

Ман зи пушти шиша мебинам, ки аҳли рӯзгор

Аз паи кореву ёре медавад болою паст.

Гар ғубори барф биншаста ба мижгони яке,

Дар рухи дигар ғубори зиндагӣ биншастааст.

Боридани барфи сафед дар  дили табибони оянда сурури хосае дорад, чунки намои хилъати сафеди онҳост.  Беихтиёр ба симои болидаву чеҳраи аз сурхӣ мисли офтоби ғуруб арғувонии донишҷӯён назар дӯхта, барфи аввалро ҳамчун фоли неки ояндаи Ватан шуморидам.

Ҳамчун ҳадяи барфӣ ин руҷӯи лирикиро бо порчаи зерин ҳусни анҷом бахшидан мехоҳам:

То баҳорон хоби хуш,

Эй Замин,

Эй модари чодарсафед!

Нигар барфе, чи сон барфи азим аст,

Дирамрезии шоҳони қадим аст.

 

Нилуфари Алишер – донишҷӯи гурӯҳи 9-уми факултети  педиатрии ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид