ADMIN
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар якҷоягӣ бо ҷамъи устодону кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз мотам доранд. Марги нобаҳангом яке аз устодони варзидаи чанд насли табибони мамлакат, табиби номӣ, олими соҳибном, омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор Абдураҳмонов Муин Камолович субҳи 13 –уми августи соли 2016 бехабар аз байни мо рабуд.
Абдураҳмонов Муин Камолович 30 – юми ноябри соли 1933 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.
Соли 1951 ба Донишгоҳи тиббии харбии ш. Куйбышев дохил шуда, онро соли 1957 бомувафақият хатм кардааст. Фаъолияти менҳнатии Абдураҳмонов М.К. пурсамар буда, пас аз хатими ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда, то ба дараҷаи профессор дар дар ҳаимн кафедра меҳнат намудааст.
Тадқиқотҳои илмии Муин Камолович барои илм ва фаъолияти ҳамарӯзаи соҳаи акушерӣ ва гинекология аҳмияти калон доранд. Хизматҳои меҳнатии Абдураҳмонов М.К. бо ордени «Дустӣ» ва бо нишони Аълочии тандурустӣ қадрдонӣ гардидааст.
Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Абдураҳмонов М.К. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ ва дуои хайри ҳазорҳо нафар ниёзмандоне, ки аз дасташ накӯӣ дидаанд, манзили охирати хешро пурнур гардонидааст.
Ҷои Муин Камолович дар қалбҳои мо ҳамкасбону шогирдонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо хираду фазилат дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд, зеро:
Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад
Руҳат шод ва манзилат обод бод, Муин Камоловичи азиз!