ADMIN
Бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Данғара ва корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсия» - и ноҳияи Данғара корҳои аз нав обёрикунӣ ба биноҳои таълимию маишӣ ва оби корезӣ ба қитъаи заминҳо ба анҷом расонида шуд. Акнун биноҳои хобгоҳ ва таълимӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда щуд. Корҳои ободонию таъмирӣ, ки Раёсати донишгоҳ дар якҷоягӣ бо донишҷӯён дар давоми зиёда аз як моҳе тибқи нақша – чорабиниҳо ба роҳ монда буданд, айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бояд қайд намуд, ки дар рӯзҳои шанбегӣ саҳми донишҷӯён аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва аз шаҳри Душанбе бештар ба назар мерасад. Дар маҷмуъ заминҳои ҳудуди донишгоҳ, ки беш аз 6 га – ро ташкил медиҳад имрӯз тозаю зебо гардидааст.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа