ADMIN
Чи тавре ки маълум аст тайи рӯзҳои охир корҳои ободонӣ ва таъмирӣ дар биноҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маром идома ёфта истодааст. Лозим ба зикр аст, ки таъмири хобгоҳ рӯзҳои наздик ба анҷом расида, баъдан ба як теъдод донишҷӯёни ниёзманд манзили зист муҳаё хоҳад гашт. Бо қувваи кормандони раёсат ва донишҷӯён тибқи нақша ҳамарӯза корҳои ободонӣ дар донишгоҳ идома ёфта, дар назар аст, ки биноҳои таълимӣ ва маишӣ то оғози соли таҳсил барои ба фаъолит шурӯъ намудан омода мегарданд. Дар баробари ин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар таърихи 10-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиҳозонидани хобгоҳ бо лавозимоти маишӣ, 350 маҷмӯи рахти хоб ва курпаю рӯйпӯш ворид гардид. Аз ин фурсат истифода намуда, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои дасгириҳои пайваста ба Виазорати маориф ва илми ҶТ миннатдории самимии худро баён менамояд.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа