ADMIN
Санаи 6-уми сентябри соли 2024 дар идомаи суҳбату вохӯриҳои Раёсати донишгоҳ бо донишҷӯён дар оғози соли таҳсил, дар толори фарҳангӣ бо донишҷӯёни курси дуюм ва сеюми факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ вохӯрӣ доир гардид.
Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. ифтитоҳ намуда, бо оғози соли нави таҳсили 2024-2025, ҳамзамон, фарорасии 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бузургтарин ва нодиртарин дастоварди миллати тоҷик ба шумор меравад, ҳозиринро табрику шодбошӣ намуд.
Сипас ҳозиринро мақсади баргузории чунин сӯҳбату вохӯриҳо ба донишҷӯён фаҳмонида дод.
Декани факултет, н.и.т. Холзода Ш.И. зимни баромади худ ба масъалаҳои таълиму тарбия, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду нумуи кишвар, ахлоқи ҳамида ва дониши ба талаботи замон ҷавобгӯ, риояи низомнома ва уҳдадориҳои донишҷӯӣ, иштироки фаъол ба дарсҳо ва аз худ намудани нозукиҳои илми тиб, риояи либоси тавсиявӣ ва одоби муошират, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои номатлуб ва гуруҳҳои террористиву экстремистӣ сухан намуд. Қайд карда шуд, ки чунин имконияту шароитҳои мусоиди таълиму тарбияро мақсаднок истифода намуда, дар оянда табибони ҳозиқу дармонбахши воқеии дарди маризон ба камол бирасед.
Дар идома муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки ҳар яки шумо донишҷӯён талабот ва низомномаи донишгоҳро ба пуррагӣ риоя намоед ва барои баланд бардоштани сифати азхудкунии фанҳо ва тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҳисси ватанпарастии худ саъю талош намоед.
Хабарнигори сомона.