ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Санаи 5-уми октябри соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоизаи озмунро ба маблағи 50 000 cомонӣ панҷ нафар иштирокчии фаъоли озмун — дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Фурқат Тоиров, дар номинатсияи сарояндагӣ Фархунда Ғайбуллоева, номинатсияи навозандагӣ Ҷалолиддин Абдулоев, номинатсияи санъати тасвирӣ Муҳаммадшариф Низомзода ва дар номинатсияи дизайн Нармин Мирзоева соҳиб гардиданд.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ – Алиева Меҳринигор дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ширкат варзида, аз рӯи номинатсияи «Санъати тасвирӣ» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Номбурда бо «Диплом»-и озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ва мукофоти пулӣ қардонӣ карда шуд.
Хабарнигори сомона.
ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
Санаи 25-уми сентябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» намоянадгони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва ғолибони даврҳои аввали озмун иштирок намуданд.
Озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардид.
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ин озмун донишҷӯёни курси чоруми факултети тиббӣ – Зоирова Гуландом Хуршедовна ва Рустамқулова Гулнора Шуҳратҷоновна бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. намояндагӣ намуданд.
Донишҷӯёни донишгоҳ қаблан дар моҳи май, дар даври донишгоҳии озмуни мазкур холҳои аз ҳама баландро соҳиб гардиданд ва чун ғолибони озмуни донишгоҳӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Натиҷаи озмуни даври ҷумҳуряивӣ пас аз иштирок ва баромади тамоми донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон хоҳад гардид.
Хабарнигори сомона.
РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР КИТОБХОНА
Санаи 20-уми сентябри соли 2024 ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории китобхонаи донишгоҳ барои соли таҳсили 2024-2025 ва бахшида ба «Рузи китоб» бо мақсади шинос намудани донишҷӯён бо фонди китобхона бо фарогирии тамоми донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултетҳо чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод дар Китобхона” баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни курси аввал, омӯзгорони кафедраҳо, муовинони деканҳои факултет ва кормандони китобхона ширкат варзиданд.
Нахуст мудири Китобхона Ҳалимов М.А. оид ба шароити китобхона, фонди умумии китобхона, адабиёти таълимию илмӣ ва бадеӣ, адабиёти таълимӣ барои курсҳои аввал, қоидаи истифодабарии китоб, толорҳои хониш, китобхонаи электронӣ ва муҳиммияти мутолиаи китоб сухан намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба мавзуъҳои зикршуда аз ҷониби маъмурияти китобхона ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, дар охири чорабинӣ барои донишҷӯён “Намоиши адабиёти таълимӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.
Китобхонаи донишгоҳ.
ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ "ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ С.УЛУҒЗОДА"
Рўзи якуми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври ниҳоии 1-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон донӣ –ҷаҳон донӣ” барои дарёфти “Ҷоми Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” бахшида ба Рўзи забони давлатӣ баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Хатлон се нафар донишҷўён –донишҷўйи курси якум Ҳасанов Муҳаммадҷон аз рўйи равияи забони тоҷикӣ, донишҷўи курси чорум Камолова Мунира аз рўйи равияи забони русӣ ва донишҷўи курси шашум Султонов Султон ширкат варзиданд. Ду нафар донишҷўёни донишгоҳ - Ҳасанов Муҳаммадҷон аз рўйи равияи забони тоҷикӣ сазовори ҷойи сеюм ва Камолова Мунира аз рўйи равияи забони русӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Кафедраи забонҳо
Ғолибият муборак!
Рўзҳои 16-ум то 21-уми сентябри соли 2024 даври сеюми (вилоятии) озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурўғи маърифат» дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён иштирок варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла донишҷӯи курси 4-ум Худойбердиев Ҳайдар аз рўйи номинатсияи биология сазовори ҷойи 1-ум, донишҷӯи курси 2-юм Худойқулов Беҳзод сазовори ҷойи 2-юм аз рўйи номинатсияи физика, донишҷӯи курси 5-ум Пиров Вайсиддин сазовори ҷойи 2-юм аз руи номинатсияи физика, донишҷӯи курси 1-ум Мирзоев Шуҳрат аз рўйи номинатсияи биология сазовори ҷойи 3-юм, донишҷӯи курси 2-юм Раҳимов Умаралӣ аз рӯйи номинатсияи химия сазовори ҷойи 3-юм, донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ Нурова Эътибора сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ бошад, мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 Пиров Бахтиёр Сайдуллоевич сазовори ҷойи 3-юм гашт.
Муовинати илм ва нашрия
БАРГУЗОРИ ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ” ДАР ДОНИШГОҲ
Санаи 26-уми сентябри соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ҷашни “Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ” маҷлиси тантанвӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба “Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ”-ро барои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон қироат намуд.
Мудири кафедраи забонҳо, н.и.ф. Одинаев С.П. дар мавзуи “Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ”, омўзгори кафедраи забонҳо Сатторова М. дар мавзуи «Зиндагиномаи Ҷалолиддини Балхӣ маърузаҳоро пешниҳоди ҳохизрин намуданд. Қайд карда шуд, ки бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.
Профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. ҳикоятеро аз «Маснавии маънавӣ»-и орифи бузурги машриқзамин Ҷалолиддини Балхӣба забони русӣ барои ҳозирин қироат намуданд.
Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ ва донишҷӯёни соҳибистеъдоди курсҳои аввал, ки аз ҷониби кафедраи забонҳо омода карда шуд, зиннатбахши чорабинии мазкур гардид. Аз ҷониби донишҷӯён порчаҳои шеърӣ аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ қироат карда шуданд.
Дар фарҷом, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х.ба роҳбарият ва ҳайати кафедраи забонҳо ва аҳли ҳунари донишгоҳ барои баргузории чунин барномаи Ҷолиби адабӣ-мусиқӣ изҳори сипос намуда, дигарбора таъкид намуданд, ки шеъру таронаҳои дарёӣ, фикру андешаҳои уқёнусӣ ва панду ҳикматҳои туғёниву тӯфонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ –яке аз номбардортарин зодагони Модари бузургонофарини тоҷик ва фурӯзонфартарин андешамандони осмони фазлу хиради миллати ориёнажодамон имрӯз ҳам, баъди садсолаҳои мутамодӣ моро бедору ҳушёр ва устувору барқарор нигаҳ медоранд, ба сулҳу ваҳдату озодӣ, камолоту тараққиёт ва худшиносиву Худошиносӣ ҳидоятамон мекунанд.
Кафедраи забонҳо.